28 Сентябр 2025 - 13:24
Source: ABNA
Телевизиони Исроил: Оҳанги Трамп тағйир кардааст

Телевизиони режими саҳюнистӣ иддаои тағйири оҳанги раисиҷумҳури Амрико дар баробари Нетаняҳуро кард.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Маъон, шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, қарор аст дар нишасти рӯзи душанбеи худ бо Нетаняҳу як ҷадвали замонии мушаххас барои поён додан ба ҷанги Ғазза ироа диҳад.

Дар ин гузориш омадааст, ки оҳанги Трамп тайи ҳафтаҳои гузашта тағйир кардааст. Қарор аст мавзӯи ишғоли соҳили ғарбӣ низ дар ин нишаст баррасӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки Трамп иддао карда буд, ки иҷоза нахоҳад дод ин арзаҳо ишғол шаванд.

Лозим ба зикр аст, ки талоши зоҳирии Трамп барои поён додан ба ҷанги Ғазза на аз рӯи дилсӯзӣ барои сокинони ин борика, балки барои мардумфиребӣ дар ростои ба даст овардани Ҷоизаи сулҳи Нобел сурат мегирад, зеро худи Трамп аз ҳимоятгарони аслии насликушии фаластиниҳо дар Навори Ғазза ба шумор меравад.

Тарҳи вай барои поён додан ба ҷанги Ғазза ташкили кишвари Фаластинро дар бар намегирад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha